Дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» вохурии судманд баргузор гардид.

Дар он Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёти молияи вилоят ҳамчунин шаҳрвандоное, ки барои коркарди тиллои пошхурда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ мехоҳанд машғул гарданд ширкат доштанд.

Зимни оғози вохури аз ҷониби Назарзода Бахтиёр моҳияти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвадони муроҷиат намуда пурра фаҳмонида шуд. Гуфта шуд, ки иҷозат додан ба хашсони воқеӣ, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» яке аз ғамхориҳои навбатии давлату ҳукумати мамлакат хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби шаҳрвандон ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ инчунин кам намудани сатҳи бекори дар қаламрави ҷумҳури мебошад.

Дар фароварди ин вохурӣ ба Асадов Юсуфҷон ва Кабутов Умедҷон Иҷозатномаи Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр дар вазъияти тан-танави супорида шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед