Дар доираи супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, махсусан Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба масъалаи ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар саҳни ҳавлии Сарраёсат аҳамияти ҷиддӣ дода, зиёда аз 6 –ҳазор бех гули лола ва гулбуттаҳо шинониданд.

Саҳни ҳавлии Раёсат имрӯз ба гуллзори ҳақиқӣ шабоҳат дошта, дар он 10-намуд гули лола нашъу намо доранд.

Лолаҳои ҳарранга манзараи саҳни ҳавлиро бисёр зебову дилрабо ба ҷилва оварда, таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Бохтарро ба худ ҷалб менамоянд. Ин зебоӣ ва заҳмати ҳамасолаи кормандони Сарраёсат беподош намемонад.

Ду сол аст, ки кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҷамъбасти озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ сазовори ҷойи якум, дипломи дараҷаи 1 ва ҷоиза мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед