Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Маркази бозомӯзӣ бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуд. Қаблан дар Сарраёсати вилояти Хатлон чунин марказ набуд, ки барои ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони соҳаи молияву муҳосибот, аз ҷумла ҷавонон зарурат вуҷуд дот. Инак, соли 3-ём аст, ки Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Сарраёсати молияи вилоят фаъолияти назаррас дорад.

Чанде пеш дар маркази мазкур маросими супоридани сертификати сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоят доир шуд.

Зимни оғози он сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр баромад намуда, иброз аз он дошт, ки бо мақсади таъмини фаъолияти бонизом ва самараноки баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ва банди 12-и низомномаи Вазорати молияи мамлакат аз 2 –ёми апрели соли 2015, №187 тасидиқ гардидааст корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар асоси фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша- чорабиниҳо доир ба ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ҷалб намудани сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Сарраёсати молияи вилоят тибқи барномаи таълимӣ омӯзиш ба роҳ монда шудааст.

Назарзода Бахтиёр дар идомаи баромадаш изҳор дошт, ки дар қатори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-ёми майи соли 2015, рақами 359 “Дар бораи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб” қабул гардид.

Дастурамали мазкур дар асоси моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” таҳия гардида, барои роҳбарони хизматрасонии муҳосибии мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки баҳисобгирии муҳосибӣ мебаранд ва ҳисоботи баанҷомрасидаи муҳосибӣ тартиб медиҳанд, инчунин барои сармуҳосибони муҳосиботҳои марказонидашуда пешбини шудааст. Зимнан бояд қайд намуд, ки муқаррароти дастурамали мазкур аз тарафи Сарраёсати молия риоя мегардад, сармуҳосибони ташкилотҳои буҷетӣ дар мувофиқа бо мақомоти молия, яъне Сарраёсати молия ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мегарданд.

Сармуҳосиб бояд дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва муҳосибӣ мебошад,- дар 3 сол на камтар аз 1 маротиба тахассуси касбиашро баланд бардошта, бо компютер кор карда тавонад.

Дар идомаи ҷамъомад Назарзода Бахтиёр таъкид бар он дошт, ки ба вазифаи сармуҳосиб таъин намудани шахсони тасодуфӣ боиси аз ҳисоб берун монадани маблағҳои давлатӣ, зиёд гардидани ҳаҷми маблағҳои ошкоршудаи зарари молиявӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои нақшавии мақомотҳои санҷишӣ, ба буҷети давлатӣ нодуруст ворид гардидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, мусоидатнамоӣ ба ҳолатҳои коррупсионӣ, инчунин дигар ҳолатҳои номатлуб мегардад.

Тазаккур рафт, ки дар давоми соли 2019 дар Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон 5- гурӯҳ иборат аз 56 нафар курси муҳосибиро ба анҷом расонида, 1-гурӯҳи дигар бошад дар омӯзиши курси муҳосибӣ қарор дорад. Аз оғози фаъолияти курс то ба имрӯз 400-нафар соҳиби сертификат гардидаанд.

Дар вазъияти хотирмон аз ҷониби масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба 20-нафар сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоят сертификат супорида шуд.

Аксари сармуҳосибоне, ки дар ин рӯз соҳиби сертификат гардиданд, изҳори минатдориашонро ба масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон расониданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед