26 декабри соли равон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оллӣ мамлакат, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҷумҳури мустақиман пахш гардид кормандони дастгоҳи маркази Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо як таваҷҷуҳи хосса тамошо намудаанд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайн намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, нергетика, роҳу нақлиёт, амнияту, мудофиа, ҳифзи илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошанд.

Кормандони дастгоҳи маркази Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳуҷҷати як солаи болои мизи кори хеш қарор хоҳем дод ва баҳри дар амал татбиқ намудани он аз ҳамаи имконту воситаҳо истифода мебарем.

Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон пас аз тамошои Паёми сардори давлат чунин баён дошт:

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғоз самти иқтисодиро таҳлил карда, бо далелҳои мушаххас баён доштанд, ки буҷаи кишвар, аз ҳмсоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзи ва маблағҳои хизматрасони дар соҳаҳои гуногун мунтазам, сол то сол мақсаднок афзоиш меёбад.

Ин ба беҳ шудани вазъи ичтимоии сокинони кишвар мусоидат карда, барои ривоҷи созандагиву бунёдкорӣ заминаи боварибахше ба амал овардааст.

Танҳо соли гузашта дар мамлкат зиёда аз 358 адад иншоотҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин дар роҳи тарбияи дурусти насли наврас амали шоистаи таҳсин мебошад.

Аз он далолат мекунад, ки дарстуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар аз ҷониби сокинони мамлкат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Ҳамчунин Пешвои миллат дар Паёмашон дар масъали рушди маориф, тандурусти, соҳибкори илм, ҳифзи ичтимои аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҳамзамон Сардори давлат пешниҳод карданд, ки нафақаи маъюбони то 18 сола 50% зиёд карда шавад. Маоши кормадони соҳаҳои буҷавӣ 15% аз моҳи сентябри соли 2020 зиёд хоҳад шуд.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оллӣ ҷумҳуриро бо боварии комил метавон паёми меҳру садоқат номид, зеро Пешвои миллат бо самимият, меҳрубони ва ғамхории беандоза, руҳияи баланди ватандори, онро ироа доштанд. Баро ман аз ҳама ҷолиб он буд, ки Садори давлат кули соҳаҳоро дақиқ таҳлил намудаанд.Роҳҳои инкишофи хоҷагии халқи мамлакатро барои соли оянда муайн карданд.Ҷолиб он буд, ки дар ин Паём зиёдтар таваҷҷуҳ ба омили инсонӣ ва масъулияти шаҳранди карда шуд. Аз суи дигар барои манн ҷолиб он буд, ки ҷаноби олии пешниҳод намуданд, ки ба омузиши фанҳои дақиқ, табии аҳамияти зарури равона гардида, оғоз аз бохча то мактабу донишгоҳои оли барои омузиши ин фанҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.Ба омузиши забони давлати ва густаришу инкишофи фарҳанги миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Мо вазифадорем, ки дар солҳои оянда ба рушди деҳот бештар тавваҷҷуҳ намуда дар ҳамаи деҳаҳо варзишгоҳ ва толорҳои машқу тамрин буёнд намоем. Дар ин кор ҳам аз ҳисоби буҷет ҳам аз роҳи ҷалби соҳибкорон ва мардони саховатпеша пурсамар истифода бубарем.

Хулоса, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавӣ буда, дар он самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, ва ҳуқуқии мамлкат ҷиддӣ таҳлил гардида, роҳҳои ба мақсад мувофиқӣ рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои оянда мушаххасан нишон дода шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед