Санаи 3 апрели соли 2020 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Ян Петер Олтерс – Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Мақсади асосии лоиҳа ин амалӣ намудани чорабиниҳои омодагӣ оид ба пешгирии пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба рушди иқтидори соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла терапияи интенсивӣ ва реаниматсионӣ, банақшагирии бисёрсоҳавии меъёри вокунишҳо ва омодагии ҷомеа, инчунин расонидани кумаки иҷтимоии муваққатӣ ба хонаводаҳое, ки аз лиҳози дастрасӣ ба озуқаворӣ осебпазиранд, равона мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аввали соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, чунин ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед