Санаи 10 феврали соли 2020 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Хоҷагии коммуналӣ” – и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб”, инчунин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид.

Созишномаҳои мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор  ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 5 млн. доллар аз ҳисоби маблағҳои грантии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) барои татбиқи лоиҳаи  “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ва 2 млн. доллар барои татбиқи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо равона мегардад.

Мақсади асосии Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” ин ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб мебошад.

Ҳадафи Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ин беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд буда, дар доираи он харидории автобусҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед