Имрӯз 16- апрели соли 2020 дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят оид ба натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои  вилоят дар семоҳаи якуми соли  равон мавриди барасӣ қарор гирифт, ки дар он кормадони дастгоҳи маркаии Сарраёсати молияи вилоят, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Бобоназар Давлатов

Нахуст, Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят дар бораи ҷамбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳисобот дод.

“Рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 303,6 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 307,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 3,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли  2019, 61,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад”, — иброз дошт муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Ҳамчунин, ёдовар шуд, ки аз руи маълумотҳо ба ҳолати 1 марти соли 2020 бақияи қарзи  андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ маблағи 166,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 1,9 млн. сомонӣ  кам шудааст.  Дар ин радиф бақияпулии андозҳо дар ноҳияҳои Вахш 925,0 ҳазор сомонӣ, Шаҳритуз 1372,4 ҳазор сомонӣ ва Восеъ 1457,0 ҳазор сомонӣ нисбат ба аввали сол  зиёд карда шудааст.

Назарзода Бахтиёр Худоёр

Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои  буҷетӣ дар сатҳи 97 фоиз таъмин карда шуда ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 77,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 — 2,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ 374,7 млн. сомонӣ ё ин, ки 89 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои ичтимоиёт, аз ҷумла маориф 249,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ 105,0 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 2,3 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 17,8 млн. сомонӣ  равона карда шудааст. Дар ин радиф аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 357,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 286,7 млн.сомонӣ,  фонди ҳифзи иҷтимоӣ 67,2 млн. сомонӣ идрорпулӣ 714,0 ҳазор сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 1,0 млн. сомонӣ ва барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 2,5 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 95 фоизи хароҷоти маблағҳоро дар  бар мегирад.

Хайрулло Юсуф Маҷидӣ

Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ оид ба самти иҷроиши босифати буҷетӣ маҳаллӣ, дарёфти манбаҳои нави иловагии андозҳо, чораҳои иловагӣ андешида ба мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети  аҳамияти ҷиди дода дар мадди аввал маблағҳои воридгардидаро барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулиҳо пардохт карда шаванд.Ҳамчунин муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молиячиёни вилояти Хатлон таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодаги бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба фаъолияти назарас дошта бошад.

Раҷабалӣ Раҷабов

Ҳамчунин, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоти Хатлон зикр намуданд, ки яке аз масъалаҳое, ки имруз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст масъалаи Коронавирус мебошад. Барои солимии ҷомеъа ва пешгирии он аз ин вируси вабои аср Сарраёсати молияи вилоят Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳоро вазифадор менамояд, ки дар доираи имкониятҳои воқеии буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ барои соли 2020 ҷиҳати харидори намудани маводҳои кимёвӣ ва безарар гардонидани утоқҳои кории ташкилоту муассисаҳо чорандеши намоянд.

Дар охири чорабини барои хизматҳои шоиста ҳамчун собиқадори соҳаи молия тарбиятгари наслҳои ҷавон ва барои фаъолияти самимона ба нафъи кишвар ба Раҳмонқул Жумаев, Раҳмонқул Қараев, Раҳматулло Мирзоев, собиқадорони соҳаи молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нафақа гусел карда шуд.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед