Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, маоши якмоҳаи худро гузаронид.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгоҳи раиси вилоят низ ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои фарогир ҳамбастагӣ эълон намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза алайҳи он як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба ин суратҳисоб интиқол диҳанд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода инчунин ба аъзои ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки вобаста ба ҳолати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият (бо истифода аз техникаву технологияи мавҷуда), бозору нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркаш, кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон,  риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, махсусан аз ниқоб истифода намудан ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо, таъмини роҳрави безараргардонӣ (дизбарйер) ва маводҳои антисептикӣ чораҳои бетаъхир андешида шавад.

Тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои назоратиро дар ин самт пурзӯр намоянд, аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ худдорӣ варзида, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити арзандаи кориро барои табибон дар маҳал муҳайё намуда, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кумаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин дастур дод, ки бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода шавад.

Бино ба иттилои  сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода, дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ   ташабусу иқдоми наҷибу хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  раиси вилоят  Қурбон Ҳакимзодаро дастгирӣ  намуда, чунин амалро анҷом медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед