Тавассути телевизиони «Тоҷикистон» филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки доир ба амалу кирдорҳои нангину сангини хоинони мамлакат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ Ҳизби назҳати ислом намоиш дода шуд, он бори дигар манфиатҳои шахсиву ғаразноки ин гурӯҳи хиёнаткору разилро, ки бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон бар зидди давлату миллати  тоҷик анҷом дода буданд возеҳу равшан исбот намуд.

Воқен ҳам тамошои  филми «Хиёнат» сокинони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла кормандони молияи вилояти Хатлонро бетараф намонда, онҳо назару андешаҳои худро  чунин баён намуданд.

Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Қабл аз ҳама изҳори  минадории хешро ба таҳиягарони филми «Хиёнат» мерасонам, ки бори дигар ба ҳамватанон хусусан ба насли ҷавони имрӯз рафтору кирдор ва амалҳои хиёнаткоронаи  роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнушудаи Ҳизби назҳати исломро возеҳу равшан инъкосу таҳия ва пешниҳоди ҳамватанон гардониданд.

Хуб дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» инъкос гардид, ки хешу табор, дӯстон, наздиконаш ва ҳатто он нафароне, ки дар вақташ фирефтаи дасисаву дурӯғҳои ғаразноки Муҳиддин Кабирӣ гашта буданд, чигуна ба ӯ лаънат мехонданд.

Мехоҳам тавассути андешаҳои хеш ба  саркардаи  гурӯ ҳи хиёнаткор Кабирӣ расонам, ки  мисли ман  садҳо ҳазорон нафар тоҷику тоҷикистонии руи олам шоҳиди даҳшату ваҳшати воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва  бедодгариҳои зиёди  наҳзатиён  мебошанду лаънати беададро ба ин гурӯҳи сиёҳкору разилу шарманда мефиристанд.

Филми «Хиёнат»- филми ниҳоят ва басо тарбияви буда бори дигар ҳар ҳар як сокини худогоҳу дилогоҳи Тоҷикистонро ба он водор менамоянд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша пай шукургузории аз ин Ватану миллати тоҷдори хеш кунанд. Дар охир ҳаминро мехоҳам ёдовар шавам, ки вилояти Хатлон маркази  гарми даргириҳои соли 1992- юм буд. Мардуми вилоят «шаҳд»-и ин ҷанги бемаъниро бештар чашидаанд ва бештар аз дигарон аҳамияти таърихии сулҳу созишро дарк мекунанд, баҳри пойдории амнияти давлат ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду ҷадал менамоянд.

Бобоназар Давлатов, муовини сардори  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

— Ман ба пуррагӣ ва итминони комил мегӯям, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми мардуми тоҷик нишон додаву иғвоангезӣ, дасисабозии онҳоро ба бинанда фош намуд.

Набояд фаромӯш кард, ки Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми парешонгаштаро ба ҳам ҷамъ овард, давлатро аз нестшавӣ раҳоӣ бахшид, арзу сипоси бепоён мегӯем, ки ба мардони фидоии Ватану сулҳофарон.

Нурулло  Абдулозода, корманди Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Тамошои  филми «Хиёнат» ба мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ сабақҳои зиёде дод. Мо ҷавонон солҳои пурфоҷеаро ба чашми сар надида будему танҳо нақлҳои зиёдеро аз забони Падарону модаронамон шунида будему халос. Дар ин филм чеҳраи манфури хиёнакткорон, дар филм рафтору кирдор ва амалҳои хиёнаткоронаи  роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнуъшудаи Ҳиби назҳати исломро  ба чашми худ дидем. Шукри обу хоки Тоҷикистони биҳиштосо мекунем,ки дар ҳавош нафас мекашем ва намегузорем, ки ҳар нохалафе ободиҳову созандагиҳои кишвари азизи моро нодида гирад.

Далер ШАРИФОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед