Чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID — 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид, ки хеле бамаврид ва саривақтӣ мебошад.

Сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон Фармони Президенти мамлакатро воситаи муҳими коҳиш додани таъсири бемории коронавирус ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ арзёбӣ менамоянд.

Аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба таври ройгон нигоҳубин кардани шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва нафароне, ки аз бемории СOVID – 19 сироят ёфтаанд, сабукӣ ва имтиёзест ба нафъи тамоми сироятёфтагон.

Роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум, қатъ кардани баррасии масъалаҳои баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полизӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ бошад, барои тамоми мардуми Тоҷикистон манфиатовар аст.

Аз 1 июл то моҳи сентябри соли ҷорӣ маводи воридотӣ барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ, либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин, таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемори сироятии СOVID — 19 зарур аз пардохти гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод карда шуданд, ки воситаи муҳимест ҷиҳати пешгирӣ аз беморӣ.

Дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус бақияи озоду даромади шаҳру навоҳӣ 13 миллиону 41 ҳазору 60 сомонӣ ҷудо гардид.

Аз ҷониби кормандони идораи Сарраёсати молияи вилоят бошад, барои пешгирии таъсири ин беморӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока ва доруворӣ харидорӣ гардида, ба ниёзмандон расонда шуд.

       Бахтиёр НАЗАРЗОДА,

сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон

бознашар аз Нашрияи расмии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» №: 129, аз 13 июли  2020- http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=41243

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед