Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимон ва оилаҳои ниёзмадон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.

Бо пайрави аз сиёсати ичтимоӣ ва амалҳои неку раиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбариёти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо пайваста ба ниёзмандон кӯмак расонада мешавад.

Ин навбат бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президент» аз ҷониби   масъулони Сарраёсати молияи вилоят ба бошандагони хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар  кӯмаки моддӣ аз қабили орд, равған, гушту биринҷ, шириниҳо,  маводҳои антисептикӣ ва мувофиқи дархости маъмурияти ин даргоҳ як миқдом доруворӣ, ҳамчунин кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Амали гардии чунин иқдомҳои хайру савоб боиси хушҳоливу рӯҳбаландии истиқоматкунандагони хонаи пиросолони шаҳри Бохтар   гардида онҳо миннадории самимии худро ба роҳбарияти давлату ҳукумат махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  инчунин ашхоси саховатпеша иброз менамоянд.

Котиби матбуотии  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед