Сухани табрикотии Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Ҳамкасбони азиз!

Таҷлил намудани ҷашни шукуҳманд ва пурифтихор – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо ҳукми анъанаи нек гирифтааст.

Бахусус, дар фазои сулҳу ваҳдат, созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтани ин ҷашни муборак шукуҳу ҷалоли онро боз меафзояд.

Барои мо ин ҷашн аҳамияти хосе дорост, чунки барои давлати навбунёди тоҷикон кафолати оромию осудаги ва сулҳу салоҳ дар мадди аввал меистад, аз ин ҷост, ки ин кафолати сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаҳолонаро, қабл аз дигар сохторҳои қудрати маҳз Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин мекунанд.  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ буда, аз рӯзи таъсис ёфтанаш вазифаи душвору пуршараф – ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳимояи марзу буми Ватанро ба зимма дорад, яъне тақдири миллату сарнавишти миллат дар дасти тавонои Артиши миллист.

Дар он солҳои душвор, ки ҷанги шаҳрванди аланга гирифта буд, артиши навтаъсис баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимоя аз давлати қонунӣ, нобуд намудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои ҷинояткори дохилӣ, саркуб кардани ошубҳои зиддидавлатӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои интизомию қудрати нақши муҳим гузошт ва дар ин даргириҳо обутоб ёфта, таҷрибаи ҷанги ҳосил намуд.

Ин аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисоб меёфт. Дар он солҳои душвор ҷузъу томҳои навтаъсисёфта бар зидди неруҳои мухолиф ва душманони миллат мардонавор ҷангиданд. Дар ҷараёни задухурду муҳорибаҳои шадид садҳо нафар афсару аскарони Қувваҳои Мусаллаҳ аз худ намунаи беназири шуҷоату қаҳрамони зоҳир намуда, бисёре аз онҳо дар роҳи истиқлолу осудагии Ватан ҷони азизи худро қурбон карданд, ному корномаи ин фарзандони содиқи худро халқу Ватан фаромуш намекунад. Роҳи расидан ба соҳибихтиёри ва истиқолият, ташкили давлати милли осону ҳамвор набуд. Дар он давраи басе душвор таъсиси Артиши миллӣ кори ниҳоят душвор, аммо басе зарур буд.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳиммот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманди худро гузошт.

Ҷангу нооромӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, набудани техника ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, озуқаворӣ, сару либос ва муҳимтар аз ҳама, нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки дар он айёми басо ҳассосу тақдирсоз ҳар лаҳза эҳсос мешуданд.

Дар чунин шароити бисёр душвор мо бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намудем ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид.

Дар шароити шиддат ёфтани буҳрони сиёсию иқтисодии ҷаҳон, доман паҳн кардани даргириҳо дар нуқтаҳои доци дунё, афзудани таҳдидҳо ба аминияти миллии кишвар дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баҳри ҳимояи тамомияти арзии кишвар, мубориза бо гуруҳҳои террористиву экстремисти вазифаҳои басо ҷиддию мураккаб меистанд, ки иҷрои онҳо аз ҳар афсару аскар матонату мардонагӣ, қавииродагӣ, қобилияту лаёқати зиёдро тақозо менамояд.

Бори дигар Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳозирини арҷуманд.

 Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед