Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон чорабинии идона бахшида ба рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят, Казаков Рустам,  мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав ва кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсат иштирок доштан.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят Бобоназар Давлатов оғоз намуда, табрикномаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба ифтихори 28 – умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми иштирокчиён расонид.

Гуфта шуд, ки таҷлил намудани ҷашни шукуҳманд ва пурифтихор – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо ҳукми анъанаи нек гирифтааст. Бахусус, дар фазои сулҳу ваҳдат, созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтани ин ҷашни муборак шукуҳу ҷалоли онро боз меафзояд. Барои мо ин ҷашн аҳамияти хосе дорост, чунки барои давлати навбунёди тоҷикон кафолати оромию осудаги ва сулҳу салоҳ дар мадди аввал меистад, аз ин ҷост, ки ин кафолати сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаҳолонаро, қабл аз дигар сохторҳои қудрати маҳз Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин мекунанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ буда, аз рӯзи таъсис ёфтанаш вазифаи душвору пуршараф – ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳимояи марзу буми Ватанро ба зимма дорад, яъне тақдири миллату сарнавишти миллат дар дасти тавонои Артиши миллист.

Казаков Рустам, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав  ҳозиринро ба  Рӯзи  Артиши миллӣ табрик намуд ва гуфт: “Мо имрӯз ки дар арафаи ҷашни 28 –умин  солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорем, сараввал, ҳамаи родмардони ҳомии ватанро бо ин рӯз табрику муборакбод менамоям. Воқеан, артиш ин худ зода ва ҳамқадами Истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб меравад. Вақте мо ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Артиши миллии мо ба миён омад, ки ин саҳлу осон набуд.

КОТИБИ МАТБУОТИИ САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед