Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳбарият ва кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба масъалаи ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар саҳни ҳавлии Сарраёсат аҳамияту таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар мавсими гулшинонии соли равон дар ҳудуди Сарраёсат зиёда аз 5 –ҳазор бех гули лола ва анвои гуногуни гул шинонида шуд. Айни замон лолаҳои шинонидашуда сабзида ба ҳусни саҳни ҳавлии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таровати баҳори бахшиданд.

Кормандони Сарраёсат соли сипаригашта дар озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар миёни ташкилоту муассисаҳои вилояти ҷой якумро гирифта буданд. Имсол низ азму талош доранд, ки дар озмуни вилояти ширкат варзанд. Бо ин ният онҳо нигоҳубин ва парвариши қитъаҳои лолаву гули шинонидаашонро мувофиқи техналогияи парвариши гул нигоҳубин доранд.

 КОТИБИ МАТБУОТИИ САРРАЁСАТИ

   МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед