Бахшида ба Рӯзи Модар дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон чорабинии идона баргузор гардид.  

Сараввал Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳамаи бонувонро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор таҷлил мегардад табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд ва перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшан аз ҷойгоҳ ва мақому манзалати воло доштаи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар ин замина сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон зикр намуд, ки имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон тарбиятгари фарзандон ва нуру гармии ҳар як хонадон аст. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар худ гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарону бонувони азизи мо дар ҷомеа ва нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба ҳамаи бонувони Сарраёсати молияи вилоят ва Раёсати молияи шаҳри Бохтар бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳ дастархони идона ороста шуд.

Далер Шарипов

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед