СУХАНРОНИИ БАХТИЁР НАЗАРЗОДА, САРДОРИ САРРАЁСАТИ МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Меҳтарони ҷангу меҳнат, ҳамкасбони азиз!

Мояи ифтихор ва сарбаландии мост, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои сулҳу оромӣ бо Шумо 76-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро истиқбол мегирем.

Тазаккур бояд дод, ки миллати кӯҳантаъриху тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём соҳиби фарзандони шӯҷоъ, аз ҷумла Темурмалику Муқаннаъ, Спитамен, Шераку Восеъ ва ҳазорҳо ҷанговарони далер буд, ки баҳри ҳимояи марзу буми мамлакат, манфиатҳои халқи меҳнаткаш ва нигоҳ доштани шараф ва асолати миллӣ истодагарӣ намуда, номашон дар таърих ҳамчун қаҳрамонҳои халқ сабт гардидааст ва то имрӯз ба некӣ ёдашон мекунем.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ин қаҳрамониҳо ва корномаи бузурги дар ақибгоҳ будагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат кардаю ғалабаро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ дар сангарҳои ҷангу майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани худро аз истилогарони фашистӣ ҳифз намуданд ва барои мо насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд. Бинобар ин насли имрӯза ба хотири ҷонфидоии онҳое, ки натанҳо Ватани мо, балки тамоми инсониятро аз даҳшати фашизм наҷот додаанд, сари таъзим фуруд меоварад.

Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову шуморо ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гул-гулшукуфии Ватанамон — Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд. Боварӣ дорам, ки ҷасуриву ғаюрӣ ва корнамоиҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру нохияҳои вилояит ва маслиҳату насиҳатҳои онҳо дар амалӣ гардидани ин масъулияти таърихӣ саҳми намоён хоҳед гузошт.

Бо ҳамин ниятҳои нек кулли хамватанонро ба муносибати Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 самимона табрик ва муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо фазои орому осуда, сиҳатию саломатӣ, хушиҳои рӯзгор ва барори корро орзу менамоям.

Иди Ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз!

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед