Дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар аз ҷониби масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҳамкори бо намояндагони Филиали Иттифоқи ҷавонони  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи молия, зери унвони «нақши ҷавонон дар 30- соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   доир карда шуд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори  Сарраёсати молияи вилоят  Бахтиёр Назарзода, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Момогул Шодиева, Раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фазира Абдулозода, ректори  ДДБ ба номи Носири Хусрав-и шаҳри Бохтар Давлатзода Сайфиддин, собиқадорони соҳаи молия, кормандони ҷавони аз мақомотҳои молияи аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва донишчуён  иштироки фаъол доштанд.

 Пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар назди ҳозирин бобати  «Нақши ҷавонон дар 30- соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баромад намуда, иброз аз он доштанд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, зиндагии шоистаи мардум ва шинохти асолати миллӣ заминаи боэътимод гузошта, имкон фароҳам оварда шуд, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ бузургтарин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шуда, ин раванд бо маром идома дорад.

Маҳз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум даст ба ҷабҳаи меҳнат ва ободкорӣ зада, дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дар идомаи кори ҳамоиш  Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, ба сухан баромада  қайд дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаи молия низ ҳадафмандона татбиқ мешавад.

Ҳамоиши имрӯза низ идомаи татбиқи сиёсати ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доранд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши беандоза доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва ичтимоиву фарҳангии давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан  ғайри имкон аст”.

Гуфта шуд, ки фаъолияти ҳамаи мову шумо дар ҳаёти мамлакат саҳмгузорӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон арзиёбӣ шуда, ин амал аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд.

Имрӯз мақомоти молияи вилояти Хатлон дар таъмини фаъолияти устувори низоми молияи вилоят, иҷро намудани ниёзҳои ичтимоӣ ва давлатдорӣ нақши бисёр муҳим ва ҳалкунандаро мебозад.

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар самти ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавони баландихтисос шароити мусоид ва имконияти бештар фароҳам оварда, корҳои муайяне ба анҷом расонидааст.

Бояд қайд кард, ки ҳоло аз 367 нафар корманддону хизматчиёни давлатии мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 154 нафар ҷавонони то сини 35 сола мебошанд, ки 42 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозам, ки як зумра ҷавонони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молия дар шаҳру навоҳии вилоят дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва риояи интизоми меҳнатӣ масъулияти баланд нишон дода, сазовори боварии роҳбарият гардидаанд.

Зикр карда шуд,ки тибқи хислатномаҳои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ кормандони ҷавон Меҳроҷиддин Нуралиев, Умед Рамазонзода, Нурулло Абдуллозода, Суҳроб Мирзоев, Саъдӣ Асозода, Манучеҳри Ҷалолиддин, Файзалӣ Маҳмадуллоев, Бахтовар Зуҳуров ва дигар кормадони ҷавон дар мақомотҳои молияи шаҳру навоҳии вилоятии Хатлон дорои интизоми хуби меҳнатӣ буда, уҳдадориҳои мансабии худро бо сари баланд   иҷро менамоянд.

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон   ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, ҳисси худшиносии миллӣ, пешбурдани сиёсати ғамхоронаву дилсузонаи Пешвои муаззами миллат нисбати шахсони ниёзманди кишвари азизамон ва зиракии сиёсии ҷавонон пайваста чораҷӯйӣ намуда, ҳамзамон як қатор чорабиниҳои гуногунро доир менамоянд.

Мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки дар оянда молиячиёни ҷавони мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ сатҳи баланди касбӣ нишон дода, ба амалҳое, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд роҳ нахоҳанд дод.

Ҳамарӯза содиқ буданашонро  ба халқу Ватан ва Пешвои  муаззами миллат нишон дода, дар оянда баҳри баланд бардоштани сатҳи хизмати молияви ташаббускорӣ зоҳир намуда, ба боварии халқу Ватан сазовор буданашонро бо хизмати шоистаи худ собит менамоянд.

Инчунин дар идомаи кори ҳамоиши молиячиёни Хатлон Момогул Шодиева, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи нақши молиячиёни  ҷавон дар замони соҳибистиқлоли кишвар суханрони баромад карданд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани беҳтарин шароиту имконият ба ҷавонон дар самти кору таҳсил доиман дастуру супоришҳои қатъӣ дода, аз ташаббусу ибтикороти онҳо ҳамеша истиқбол менамоянд.

Абдумалик Ҳакимов, омӯзгори факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хӯсрав дар мавзӯи «Нақши ягонаи ҳисобҳо тибқи барномаи эсбеҳме» маъруза  карда таъкид намуд, ки имрӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ҷавонон бештар аз дигар қишрҳои ҷомеа заҳмат мекашанд.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиши молиячиёни вилоят Наимов Бекмурод, мудири кафедраи молия, факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар бо маърузаи пурмуҳтавои хеш дар мавзуи «Молия омили  муҳим ва таҳкимбахши иқтисодӣ милли» ибрози андеша  намуд.

Суҳроб Мирзоев, мутахасисис Раёсати хазиндории Сарраёсати молияи вилоят дар мавзӯи «Ғамхории давлат ба насли ояндасоз» баромад намуд. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон мунтазам таъкид намуда, ҷавононро насли ояндасоз меноманд ва инкишофи ояндаро ба ташаббускории ҷавонони имрӯза марбут медонанд. Ин баҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқилона ва дурбинона буда, ҷавононро ба ҳалли корҳои бузург ҳидоят менамояд.

Ҳамчунин дар идомаи кори ҳамоиш Бахтулҷамол Шукуллоев, собиқадори соҳаи молияи вилояти Хатлон аз таҷрибаи фаъолияти худ дар соҳаи молия баромад намуда ба ҷавонони мақомти молия бароку комёби арзёби кард.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси татбиқи сиёсати ҷавонон як силсила барномаҳоеро амалӣ намуд, ки онҳо ба тарбияи ҷавонон нигаронида шуда буданд.

Ба хотири рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон насли ҷавонро насли оянасоз унвон карда, ҳукумати кишвар ва аҳли ҷомеа ба тарбияи маънавӣ иқтисодӣ, ичтимоии ҷавонон аҳамияти зарурӣ  равона карда, дар як вақт барномаҳои мушахасси тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавононро роҳандозӣ  карданд.

Дар баробари ин баҳри аз хатарҳои даҳшатбори замони муосир ҳифз намудани ҷавонон корро дар самти пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва амалҳои номатлуб дар сатҳи дилхоҳ ба роҳ монданд.

Ҳамзамон дар ҷомеа муҳити согоре барои илмомӯзӣ, касбаз- худкунӣ, шуғл ба вариш ва фарогирии фарҳангу адабиёт корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Ҳамаи ин ташаббусу ибтикорот дар самти ғамхорӣ ба ҷавонон аз файзи Истиқлолият мебошад.

Дар идома аз ҷониби Меҳроҷ Нуралиев, муовини сардори Раёсати шуъбаи банақшагирии буҷети Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  матни пурраи муроҷатномаи кормандони ҷавони соҳаи молияи вилоят шунида шуд.

Дар 30-соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар тинати ҷавонон руҳияи шинохти манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ зуҳур карда, ҷавонони имрӯза бо ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ дар сафи пеши ҷомеа қадам мезананд.

Дар ин руз  ба молиячиёни ҷавонони фаъол аз ҷониби Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон барои масъулиятшиносӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бо Ифтихорномаву  Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотирави қадр шуданд.

Дар интиҳои ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи молияи Хатлон барномаи васеи фарҳангии аҳли ҳунари санъати вилоят пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.

   Далер ШАРИПОВ, котиби матбуотии

   Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед