Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, мо кормандони ҷавони соҳаи молияи вилояти Хатлон бо арзи сипоси беандоза зиёд ва самимияти хосса аз ғамхориҳои  падаронаатон ба Шумо изҳори сипос ва миннадории кулли кормадони ҷавони молияи вилоятро мерасонем.

Ташаббус ва иқдомҳои созандаи Шумо дар солҳои соҳибистиқлолӣ боиси фаъол гардидани сохторҳои давлатӣ ва иқтисодӣ гардида, дар ин замина рушду инкишофи хоҷагии халқ таъмин шуд. Афзоиши   даромади иқтисодӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот ва зиндагии мардум ба даст омад.

Сол аз сол даромади буҷети давлатӣ афзуда, таъминоти соҳа бо кадрҳои баландихтисос, техника ва технологияи муосир ба вуқуъ пайваста, шароити созгор барои такмили ихтисос дар соҳаи молия роҳандозӣ шуд.

Мутахассисони ҷавони соҳаи молия имрӯз ба муосиртарин воситаҳои техникӣ дастарасӣ дошта, аз навгониҳои соҳаи молияи минтақа ва дунё истифода мебаранд. Дар сатҳи стандартҳои баёналмилалӣ ба вуҷуд овардани шароити кор барои мутахассисони ҷавони соҳаи молия имкон фароҳам овард, ки онҳо ба масоили марбут ба инкишофи иқтисод ва молияи ҷаҳон тавҷҷуҳ зоҳир карда, масъалаҳои омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, корбурди дастовардҳои муосири илми ҳисобу китобро мавриди назари ҳамарӯза қарор диҳанд. Ҳамақадам бо замон пеш рафта, донишу маҳорати молиявии худро такмил диҳанд.

Молиячиёни ҷавони вилояти Хатлон зода ва кадри замони Истиқлолият мебошанд. Онҳо рӯҳияи баланди хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ дошта, аз донишҳои назариву амалли муосир бархурдоранд.

Манфиатҳои милливу давлатиро муқаддам аз дигар хостаҳо гузошта, фаъолияти хешро ба густариши ғояи миллӣ равона хоҳанд кард.

Ҷаноиби Олӣ, мо кормандони ҷавони соҳаи молияи вилояти Хатлон ба Ватан самимона хизмат карда, ба пешгирии терроризми молиявӣ, мазҳабӣ, хурофотпарастӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аҳамити зарурӣ дода, баҳри ҳифзи манфиатҳои молиявии халқу давлат камари ҳиммат мебандем.

Дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи арзанда ва шоиставу муносиб мегузорем.

Баҳри пешрафти иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистони азизу маҳбубамон софдилона хизмат мекунем.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед