Возможно, это изображение 1 человек
Вазорати молия сиёсати андозу буҷетиро суботкорона пеш мебарад ва дар рушди иқтисодиёт нақши арзанда дорад. Муътадилии молиявӣ бошад, дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат ба ҳисоб меравад. Бо саҳмгузории бевосита ва арзишманди Вазорати молия дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ умед аст, ки Тоҷикистон ба сафи кишварҳои мутараққии дунё мепайвандад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Bазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммафаҳм намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 нашрияи навбатии иттилоотии «Буҷети шаҳрвандӣ»-ро пешкаш менамояд.
Дар таҳияи буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ҳадафҳои афзалиятноки дар Паёми Президенти Чумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, дастуру супоришҳо аз вохӯриҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа, дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, тавсия ва пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Ҳамасола буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалияти асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди вокеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия мегардад.
Дар нашриёти мазкур маълумот оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, самтҳои асосии сиёсати андозӣ, сохтори буҷети давлатӣ, ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти бу ҷети давлатӣ, хизматрасонии қарзи давлатӣ, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дарҷ шудааст.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед