Омӯзгор ба монанди ҳамон шамъест, ки худ месӯзад, то ба дигарон рӯшноӣ бахшад”.
Ин шоҳсухани бузургони илму маърифат дар як сатр заҳмату саъюталошу рисолаи муқаддаси шахсиятеро таҷассум кардаанд, ки мақому манзалаташ дар ҷомеа аз ҳама болост ва нақши муассираш дар таълиму тарбияи устод аз падару модар ҳам боло меистад.
Ба эътибори ин нукта Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали бунёдгузории давлати соҳибистиқлоламон дар сиёсати давлатӣ маорифро дар мадди аввал гузошта буданд.
Иқдомҳои яндасозу тадбирҳои муҳим дар самти рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти олии мамлакат ва ҷонибдории ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар масири рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, бо дарназардошти нақши омӯзгор дар тарбияи инсон ҳар фарди худогоҳи кишвари соҳибистиқлоламон боре назди худ мақсад гузоштаву хоҳад гузошт, ки дар раванди бунёдгузории мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва ё саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи китобдориву дастрасии насли наврас ба китобу шароити беҳтари таълиму табия саҳми худро гузошта бошад.
Ҳаминак, дар арафаи таҷлил аз Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, барои мардуми маърифатпарвари мо иди ҳамагонӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин рӯзҳои фархунда, ҳар як аз сокини Тоҷикистони азиз бо ҳусни оғоз аз устодони мактабӣ ҳамдигарро табрику таҳният мегӯянду аз саҳми бузурги омӯзгор дар ҷомеа ва рушду пешрафти ояндаи мамлакат изори андеша менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми омӯзгорони Меҳани азизро ба идашон табрику таҳният гуфта, ба устодони азиз тани сиҳат, умри пурбаракат ва дар ҷодаи пуршарафи омӯзгорӣ муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Рӯзи омӯзгор муборак ҳамдиёрони азиз!
Возможно, это изображение 2 человека и текст

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед