6- октябри соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор муассисаҳои таълимии миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи 5” баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси иҷроияи Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад дар ҳузури Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ба имзо расониданд.
Зимни чорабинии имрӯза гуфта шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимии миёна барои рушди сатҳи таълим, мусоидат дар татбиқи устувори низоми таҳсилоти фарогир ва беҳтарсозии натиҷаҳои омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 20 млн долларро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзии имтиёзноки Фонди Саудии Рушд таъмин мегардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо арзиши маблағӣ лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, сохтмони 19 мактаби наву замонавӣ ба нақша гирифта шуда, баъди пурра сохта мавриди истифода қарор додани онҳо 30000 (сӣ) ҳазор хонанда бо ҷойи нишаст таъмин хоҳанд шуд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, он соли 2028 ба анҷом мерасад.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии ҲҶТ Фонди Саудии Рушд фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз намуда, дар ин давра 12 лоиҳа ва як қатор барномаҳои рушдро ба маблағи беш аз 193 млн доллардар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, нақлиёт ва инфрасохтори деҳот роҳандозӣ намудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед