Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостей
Паёми табрикии сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Дар оғоз Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, дар хонадонатон фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.
Боиси шарафмандии мост, ки бо рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан ва шукргузорӣ аз сулҳу амнияти мамлакат дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни пурифтихор — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.
Қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бӯсидан ва дар зери ливои ҷовидона рӯйи саҳнаи сиёсат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек барои мардуми Тоҷикистон гардида, инак дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ менамояд.
Ин Парчами зебо мавҷудияти давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷиконро тасдиқ карда, дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатдорӣ демократию ҳуқуқбунёд, дунявию башардӯст ва ҷонибдори сулҳу ҳамкориҳои осоишта будани давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифи намуд.
Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумот ва сарчашмаҳои таърихи қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ оини парчамдориро гиромӣ медоштанд.
Фахру ифтихор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас нишони озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ҳамасола сокинони меҳнатписанду қавиродаи кишварамон бо муттаҳидиву сарҷамъии миллат, якпорчагии давлат бо парафшон намудани Парчами давлатӣ бори дигар собит менамоянд, ки миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик аз давраҳои дури таърихӣ соҳибдавлат, соҳибтоҷ, соҳибпарчам буд ва имрӯз низ бо чаҳду талош, ташаббусу заҳмати фарзона фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Президенти маҳбубу халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати фарзандиву қарзи шаҳрвандии худро садоқатмандона ба ҷо оварда, ифтихор аз давлати мустақил, муттаҳидиву якдилӣ мекунанд ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ шуда, баҳри рушди меҳани аҷдодӣ, парафшонии Парчами давлатӣ саъю талош меварзанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои мо ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Мавриди зикр аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул гардида, ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат дониста мешавад.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ низ парафшон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср, садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
Ҷилваи Парчам дар ҳар гӯшаи диёр баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад.
Бигзор, меҳру муҳаббати мо ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, беш аз пеш афзун гардад ва то абад парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳумоюн бод, ҳамдиёрони азиз!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед