Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молия дар вилоят зимни суханронии хеш изҳор доштанд, ки мо бо рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан ва шукргузорӣ аз сулҳу амнияти мамлакат дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни пурифтихор — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.
Зикр шуд, ки эҳтиром ба парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлати гузашта, имруз ва фардои халқ буда, он яке аз арзиштарин мероси таърихии миллати тоҷик мебошад.
Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоту сарчашмаҳо, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.
Фахру ифтихор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас нишони озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ дигар баромадкунандагон роҷеъ ба таърихи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин маъруза намуданд.
-Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми майи соли 2017 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Дар ҷараёни чорабинӣ дигар кормадони Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон низ баромад намуда, иброз доштанд, ки Парчам рамзи озодиву истиқлолият, ливои сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамасола сокинони меҳнатписанду қавиродаи кишварамон бо муттаҳидиву сарҷамъии миллат, якпорчагии давлат бо парафшон намудани Парчами давлатӣ бори дигар собит менамоянд, ки миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик аз давраҳои дури таърихӣ, соҳибдавлат, соҳибтоҷ, соҳибпарчам буд ва имрӯз низ бо ҷаҳду талош, ташаббусу заҳмати фарзона фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Президенти маҳбубу халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати фарзандиву қарзи шаҳрвандии худро садоқатмандона ба ҷо оварда, ифтихор аз давлати мустақил, муттаҳидиву якдилӣ мекунанд ва дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ шуда, баҳри рушди меҳани аҷдодӣ ва парафшонии ҳамешагии Парчами давлатӣ саъю талош меварзанд.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед