Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостей
Паёми табрикии сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло Иззатулло бахшида ба 99 – солагии таъсисёбии мақомоти молия.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Дар оғоз мехостам кулли кормандони соҳаи молияи вилояти Хатлон ва умуман молиячиёни мамлакатро бо фарорасии иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон пеш ҳама тани сиҳату саломатии бардавом, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашон комёбиҳо таманно дорам.
Маҳз бо ҳидояту раҳнамои бе воситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 7-уми декабр — Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.
Маҳз ба шарофати меҳнати бурдборонаи кормандони мақомоти молия нақшаи қисми даромади буҷети вилояти Хатлон мунтазам таъмин карда мешавад ва бовар дорам, ки ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам ривоҷ хоҳад ёфт.
Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд, ки: «пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».
Баҳри пешбурди фаъолияти назаррас барои кормандони Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон, Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят шароиту имкониятҳо мувофиқи матлаб мебошад. Раёсатҳои молия бо таҷҳизоти муосир муҷаҳаз буда, шароити кории кормандон рӯз аз рӯз ба беҳбудӣ дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуда, мутахассисон тахмили ихтисос мекунанд.
Дар Раёсатҳои Вазорати молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешавад ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иқтисотдиву фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои зиёдро роҳандози мекунад ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо кормандони мақомоти молия нақши калидӣ доранд.
Аз ин рӯ, бори дигар тамоми кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро ба иди касбиашон табрику таҳният намуда, тансиҳативу хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон дастовардҳои меҳнатиро таманно дорем.
Рӯзи кормандони мақомоти молия муборак ҳамкасбони гиромӣ!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед