Ҳамдиёрони азиз !
Фарорасии Иди Рамазонро ба ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми мусалмонони руи оламро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба якояки шумо пеш аз ҳама тансиҳативу умри дароз, файзу баракати рӯзгор, иқболу сарбаландӣ ва дар ҳаёту фаъолияти ояндаатон бурдбориҳо таманно дорам.
Бигзор ба хонадони шумо файзу эҳсон, хайру баракат ва тинҷиву осудагӣ оварда, осмони Ватани азизамон софу кабутарони сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои он болафшон бошанд.
Иди саиди Фитр аз маросимҳои муқаддасу ойини мубораки мусулмонони олам маҳсуб меёбад, ки аз эътиқоди имонии мо сарчашма гирифта, мардумони арҷгузор ба ин муқаддасот бо анҷоми амалҳои хайр қишри ниёзмандони ҷомеа ва ятимону шахсони бесаробонро шод мегардонанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба эҳтиёҷмандону беморон ва айёдати пирону сокинони барҷомонда ба ҳукми анъана даромада, ҳар яки мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар арафаи иди саиди Фитр амали накӯкоронаеро анҷом диҳем.
Умедворам бо ҳамингуна ташаббусҳои хайрхоҳона ва идомаи расму анъанаҳои неки ниёгонамон мо дар баробари саҳмгузорӣ дар амалҳои хайру савоб ва ташаббусҳои созандагиҳо ҷиҳати рушду ободии Тоҷикистони азиз, ҳамзамон дар тарбияи наслҳои ояндаи кишварамон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас саҳмгузор бошем.
Бо умеди рушду ободии Ватани азизамон ва ҷовидонии фазои осоиштагиву пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ бори дигар кулли ҳамдиёрони хешро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрику муборакбод гуфта, ба якояки шумо тансиҳативу саодати рӯзгорро таманно дорам.
Иди саиди Фитр муборак!
Возможно, это изображение 1 человек

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед